Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи «Хуҷанд» ва кӯли шаҳрӣ пурра таъмиру навсозӣ карда мешавад.
Зимни муаррифии тарҳи навсозии меҳмонхона ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки дар доираи корҳои навсозӣ тамоми ошёна ва ҳуҷраҳо аз таъмири капиталӣ бароварда хоҳад шуд. Меҳмонхонаи мазкур дар асри бист сохта шуда, наздик 20 сол инҷониб фаъолияти назаррас надошт. Бинои меҳмонхона аз 14 ошёна иборат буда, дорои 187 ҳуҷра мебошад ва метавонад 294 нафарро дар як вақт қабул намояд.
Тибқи лоиҳа тамоми утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои қабули меҳмонон навсозӣ гардида, ошхона барои 126 нафар, тарабхона бо 200 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ, ҳавзи шиноварии болопӯшида ва мавсимӣ, амфитеатр, ҳамом ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва мулоқот бо меъморону сохтмончиён, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Бӯстон қайд намуд, ки меҳмонхонаи «Хуҷанд» ва кӯли шаҳрӣ дар асоси супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозӣ карда хоҳад шуд.
Дар шаҳри Бӯстон роҳбари вилоят инчунин бо сохтмони тарабхона, чойхона, ҳаммом, парки обӣ, майдони картингронӣ ва дигар иншооти истироҳативу фароғатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд гардида истодааст, шинос гардид. Роҳбари вилоят таъкид дошт, ки ҳангоми иҷрои корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ масъулин бояд аз таҷрибаи кишварҳои пешқадам истифода бурда, иншооти ҷашниро бо сифати баланд бунёд ва ба истифода диҳанд.
Бояд қайд намуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бунёди зиёда аз 220 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз беш аз 100 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Сипас, Раиси вилоят собиқадори соҳаи маориф Манзура Ниёзова ва маъюби гуруҳи якум Шаҳбону Раҳимоваро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои пуливу моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд