Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сохтмону таҷдид ва навсозии иншооти гуногуни ҷашнӣ идома дорад.

11 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи бунёдшавандаи ҶДММ «Тиглат» боздид намуд. Дар корхонаи нав истеҳсоли рангҳои гуногун барои сохтмон ва хокаи ороишиву пардоздиҳӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Бо ин мақсад айни замон сохтмони биноҳои ёрирасон ва васлу насби дастгоҳи муосир ҷараён дошта, баробари ба кор андохтани он то 70 нафар сокинон бо ҷои корӣ таъмин мегарданд.

Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии мардумии Чин ва давлати Туркия ворид гардида, тамоми раванди истеҳсолот мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои соҳа ба роҳ монда мешавад. Дар умум, дар ин корхонаи навбунёд то 20 намуди ранг барои сохтмон истеҳсол мегардад.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ таъкид кард, ки масъулинро зарур аст, баробари васлу насби дастгоҳқу таҷҳизот ва ба кор андохтани он пеш аз ҳама ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ таваҷҷуҳи бештар зохҳр намоянд. Зеро талабот дар бозори дохилӣ ба рангҳо барои сохтмон ва хокаи пардоздиҳиву ороишӣ хело калон буда, дар сурати дурусту сифатнок ба роҳ мондани раванди истеҳсолот метавон ба натиҷаҳои баланд шарафёб гардид. 

Сипас, Раиси вилоят бо сохтмони сардхонаи ҶДММ «Сеганҷ» шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки сардхонаи мазкур пурра бо технологияи муосир бунёд ёфта, барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми фаслҳои сол пешбинӣ гаштааст. Сардхона ба 10 қисм ҷудо гардида, ғунчоиши он то 600 тонна маҳсулот мебошад. 

Дар шаҳри Гулистон роҳбари вилоят ҳамзамон аз ҳоли собиқадорони меҳнат Султонбой Юсуфов ва Зуҳро Маҷидова хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид. Собиқадорон солҳои зиёд дар хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр фаъолият бурдаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд