Дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, таҷдиду бозсозии 72 иншоот ба нақша гирифта шуда, 52 адади он ба истифода дода шудааст.
Дар баробари бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли ҷамоат ба шаҳрванд Карим Исломов хонаи истиқоматӣ сохта шуд. Номбурда иштирокчии бартарафсозии садамаи Чернобил буда, яккаву танҳо зиндагӣ мекунанд ва эҳтиёҷманд мебошад.
Манзили нав, ки бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоат, соҳибкорону саховатмандон бунёд гардид, дорои шароити зарурӣ буда, бо ашёи рӯзгор таъмин карда шудааст.
Раиси вилоят ба шаҳрванд калиди хонаи истиқоматиро супорида, иброз дошт, ки шахсони ниёзманд таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии давлату Ҳукумат қарор доранд.
Карим Исломов аз чунин таваҷҷуҳу дастгирӣ изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории худро баён кард.
Сипас, роҳбари вилоят иштирокчии барқарорсозии сохти конститутсионӣ Абдумуталиб Расуловро аёдат карда, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд