Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 ноябр дар Қасри Арбоб бахшида ба 30-юмин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ сокинони вилоятро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Қайд гардид, ки 6 ноябри соли 1994 нахустин маротиба дар таърихи давлатдории навинамон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, соли равон мардуми сарбаланди кишвари азизамон 30-солагии қабули ин санади сарнавиштсозро ботантана ҷашн мегиранд. 

Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он мардуми кишварро ба созандагиву бунёдкорӣ, дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ кард.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба зарурату аҳамияти қабули Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намудаанд: “Қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт”.

Воқеан ҳам, дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем,-иброз дошт роҳбари вилоят. 

Бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик аз нахустин рўзҳои расидан ба истиқлоли давлатӣ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, ба хотири ободии Ватан корҳои бузурги созандагӣ ва ободониро амалӣ намуданд. 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунанда ва ҳимоятгари манфиатҳои тамоми мардуми кишвари азизамон буда, ин санади сарнавиштсоз барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард.

Аз ин лиҳоз, арзиши баланди ин ҳуҷҷат, пеш аз ҳама дар моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллии он зоҳир мешавад. Яке аз моҳиятҳои сиёсию ҳуқуқии Конститутсия ин арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он мебошад. Яъне ба афзалияти ҳифзи ҳуқуқи инсон таваҷҷўҳи хоса дода, масъулияти давлат дар назди шаҳрванд қонунан мустаҳкам мегардад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Бо қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ имконпазир гардид. Ҳуқуқи шаҳрвандон дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин иштирокашон дар фаъолияти онҳо кафолат дода шуд. 

Нақши дигари таърихии Конститутсия дар он ифода мегардад, ки аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Бо пешрафти ҷомеа зарурати ба Конститутсия ворид кардани тағйиру иловаҳо пеш меояд ва бобати такмили Конститутсия дар кишварамон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016-ум тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, такмили идораи давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун, низому суботи ҷомеа ва рушди минбаъдаи устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуданд. Аз ҷумла, давоми солҳои охир вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят бамаротиб беҳтар гардида, рушди соҳаҳо таъмин гашт ва сатҳи зиндагии мардум бамаротиб боло рафт.

Алҳол, корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо идома дошта, раванди бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза меёбад. 

Сипас, ба як қатор кормандони соҳаҳо барои саҳми муносиб дар рушди ҷомеа ва таъмини волоияти қонун Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуда, дар охир барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд