Иштирок дар конференсияи 16-уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

29 октябр дар шаҳри Хуҷанд конференсияи 16-уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, як қатор вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, вакилони конференсия аз ташкилотҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳо, собиқадорону аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.

Рӯзномаи конференсия аз 7 масъала - ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, интихоби сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Сухани халқ» ва интихоби вакилон ба Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иборат буд.

Пас аз тасдиқи ҳайати раёсат, котибот, комиссияи мандатӣ ва ҳайати таҳририя раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ баромад намуда, иброз дошт, ки Конференсияи имрӯза аз чорабиниҳои муҳими ҳизбӣ маҳсуб ёфта, самараи фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ва нишондиҳандаҳои давраи ҳисоботии аъзои ҳизбро инъикос менамояд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода низ дар конференсия суханронӣ намуданд. 

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки дар афзун гардидани дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят, таблиғу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ дар кишвари азизамон саҳми ҳизбиён низ басо назаррас аст. Зеро аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созанда ва пешбар суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ, давлатдории миллӣ саъю талош менамоянд. Хушбахтона, он самтҳои пешрафти мамлакат, ҳадафҳои созандае, ки барои солҳои 2020-2025 дар барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нишон дода шуданд, зина ба зина амалӣ гардида истодаанд.

Дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созандаву бунёдкор назаррас мебошад. Дар муддати 30 сол ба туфайли саъю талошҳои созандаи аъзои ҳизб таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат пойдевори мустаҳками рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, демократӣ гузошта шуда, барои ба сафи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гаштани Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам гардид.  

Дар ҳақиқат, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба майдони сиёсат омад ва тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд.

Дар тӯли фаъолияти худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбар дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тарғиби дастовардҳои навини соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург бозида, миёни аҳли ҷомеа маҳбубияти хосро соҳиб гардидааст. Муҳимтарин нукта он аст, ки халқ ба ҳизб ҳамчун нерӯи созанда ва раҳнамо эътимод дорад ва ба он такя мекунад.

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳнамоиву дастгириҳои бевоситаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол беҳтар гардида, мақоми он миёни дигар ҳизбҳои сиёсӣ волову муассиртар гардида истодааст. Аз ҷумла, бо иштироки бевоситаи Раиси муаззами ҳизб мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Бӯстон, Исфара, Кӯҳистони Масчоҳ, Масчоҳ, Конибодом ва Истаравшан далели боризи андешаҳои боло ба ҳисоб меравад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд давра ба давра ба як ниҳоди қудратманд ва тавоное табдил ёфтааст, ки имрӯз зиёда аз 185 ҳазор аъзоро дар 1672 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ намудааст. 

Дар сатҳи баланд баргузор шудани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи иқдомоти давлат ва Ҳукумати кишвар баёнгари он аст, ки ташкилоти ҳизбӣ дар масири фаъолият ба пешравиҳои шоиста ноил гардида истодааст. 

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳайати нави интихобшудаи аъзои Кумиҷроия ва роҳбарияти он барои боз ҳам хубтару беҳтар фаъолият намудани ташкилоти ҳизбӣ ва равнақ бахшидани кори аъзои он саъю талош меварзад.

Дар фароварди конференсия як қатор фаъолони ҳизб аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз худ фаъолияти назаррас нишон доданд, бо сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ қадршиносӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд