29 октябр дар шаҳри Хуҷанд қабл аз конференсияи 16-уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиши ҷавонону аъзои ҲХДТ таҳти унвони "Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!" баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ТҶҶ "Созандагони Ватан" баргузор шуд.
Беш аз 5000 нафар ҳизбиён, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа бо шиору овезаҳои ватандӯстона, Парчаму дигар муқаддасоти миллӣ роҳпаймоӣ намуда, дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ сарҷамъ гардиданд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини раиси ҲХДТ Асрор Латифзода сухаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки давоми 30 сол аст, ки дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созандаву бунёдкор назаррас мебошад. Дар ин муддат ба туфайли саъю талошҳои созандаи аъзои ҳизб таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат пойдевори мустаҳками рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, демократӣ гузошта шуда, барои ба сафи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гаштани Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам гардид.
Дар ҳақиқат, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба майдони сиёсат омад ва тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд.
Дар тӯли фаъолияти худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбар дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тарғиби дастовардҳои навини соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург бозида, миёни аҳли ҷомеа маҳбубияти хосро соҳиб гардидааст. Муҳимтарин нукта он аст, ки халқ ба ҳизб ҳамчун нерӯи созанда ва раҳнамо эътимод дорад ва ба он такя мекунад.
Сипас, дар толори Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ конференсияи 16-уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷараён гирифт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд