Шиносоӣ бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар Исфара

28 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ шинос гардид.

Бинои истиқоматӣ бо маркази савдову хизматрасонӣ дар маркази шаҳри Исфара аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Нарзулло Усмонов дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст. 

Мувофиқи лоиҳа бинои сохташаванда аз 12 ошёна иборат буда, дорои 410 ҳуҷраи истиқоматӣ аст. Дар таҳхонаи бино барои беш аз 100 нақлиёт таваққуфгоҳ бунёд гардида, дар ошёнаи якум маркази савдо ва хизматрасонӣ ҷой дода шудааст. Айни замон дар ин иншоот беш аз 60 нафар бинокорон ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, корҳо ҷараён дорад.

Корҳои сохтмонӣ соли ҷорӣ оғоз гардида, то ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расонида мешавад.

Дар шаҳри Исфара роҳбари вилоят ҳамзамон аз ҳоли собиқадорони соҳаҳои маорифу тандурустӣ Ҳошим Сафаров ва Мавлудахон Махкамова хабар гирифт ва ба ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд