Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Спитамен

25 октябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардид. 

Дар машварат асосан ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъоварии пахта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода вобаста ба нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли равон, раванди корҳои ободониву созандагӣ, ҷамъоварии пахта ва дигар паҳлуҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва зерсохторҳои он маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен таҷдиду навсозӣ ва бунёди 635 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 469 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки ин 74 дарсади нақшаро ташкил медиҳад ва то охири соли ҷорӣ ин нишондод то ба 90 дарсад расонида хоҳад шуд.

Давоми нуҳ моҳи соли равон нишондиҳандаҳои соҳаи саноат ва кишоварзӣ мутаносибан 110,7 ва 116,3 дарсадӣ нисбат ба соли қаблӣ таъмин гардида, захираву имкониятҳо дар ин самт хело зиёд аст. Кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ дар масоҳати 5 ҳазору 657 гектар кишти пахта гузаронида, нақша доранд 14 ҳазору 647 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъовари намоянд. То ба санаи 25-уми октябр дар ноҳия 8 ҳазору 29 тонна пахта чида шудааст, ки ин 54,8 фоизи нақша мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни таҳлили вазъи соҳаҳои барои вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта ва бартараф намудани норасоиҳои мавҷуда ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод. Таъкид карда шуд, ки дар ноҳия захира ва имкониятҳо хело зиёд буда, дар сурати дуруст ба роҳ мондани корҳо, истифодаи оқилонаву мақсадноки заминҳо, воридсозии тухмиҳои хушсифату серҳосил, гирифтани ду-се ҳосил аз як замин метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Ҳамчунин роҳбари вилоят ба масъулин ва кишоварзон дастур дод, ки ба ҳар килограм пахтаи чидаи ҳашарчиён то 1 сомониву 50 дирамӣ ҳақмузд дода шавад.

Сипас, роҳбари вилоят ба оилаи Файёзовҳо, ки оилаи ниёзманд ба ҳисоб меравад, кӯмакҳои моддӣ расонида, аз ҳоли собиқадори меҳнат Раҳмон Мамадҷонов хабар гирифт. Ба аёдатшудагон туҳфаҳои пуливу молӣ тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд