Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ Том Диленро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба рушди варзиш, аз ҷумла намуди камонварӣ мубодилаи афкор намуданд.
Раиси вилоят иброз дошт, ки солҳои охир бо ҳидоят ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиши камонварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар вилояти Суғд Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ таъсис дода шуд. Пайваста мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда, таваҷҷуҳи насли наврас ба камонварӣ зиёд гардида истодааст.
Котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ Том Дилен, ки ҳамчун меҳмон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошт, ба сатҳи баргузории мусобиқа баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ташкил карда хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд