Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт рафти ҷамъоварии пахтаро таҳти таваҷҷуҳ қарор дода, дар ҳашари пахтачинӣ иштирок намуд.
Соли ҷорӣ заркорони ноҳияи Ашт дар 5435 гектар пахта кишт карда, тасмим доранд, ки 14 ҳазору 197 тонна «тиллои сафед» истеҳсол намоянд. Ҳамарӯза беш аз чор ҳазор нафар саҳмдорону ҳашарчиён ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, ба хирман 1362 тонна пахта супорида шудааст.
Раиси вилоят дар суҳбат бо пахтакорони ноҳия барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил, ҷалби ҳашарчиён, пардохти музди меҳнат, ба корхонаҳои коркард супоридани пахта супоришҳо дод. Ба роҳбарияти ноҳия барои фароҳам овардани шароити корӣ ва назорати рафти чиниши пахта дастур дода шуд.
Заркорони ноҳия ваъда доданд, ки ҳосилро пурра ғунучин намуда, нақшаи пешбинишударо иҷро менамоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд