Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо парвариши моҳӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” шинос гардид.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” зиёда аз 300 ҳазор моҳӣ, ба монанди амури сафед, пешонапаҳм ва зағорамоҳӣ парвариш ёфта, ин тадбир аз иқдомҳои муҳим дар самти амалишавии “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” ҳисоб ёфта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ мусоидат мекунад.
Хоҷагидорони ҷаъмият бо мақсади рушди соҳа ва таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезӣ дар ин мавзеъ бори аввал парвариши моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ ба роҳ монданд. Бо чунин тарз ба роҳ мондани парвариши моҳӣ ба хоҷагидорон манфиати бештар меорад, зеро дар як гектар ҳавзи суперинтенсивӣ имкони парвариши зиёда аз 10 ҳазор моҳӣ мавҷуд аст. Дар ҳавзи муқаррарӣ бошад, дар ҳамин масоҳат метавон, ҳамагӣ 2,5 ҳазор моҳӣ парвариш намуд.
Масоҳати умумии ҳавзҳои суперинтенсивии хоҷагии моҳипарварии “Рахшона” 10 гектар буда, айни ҳол дар ин масоҳат бештар аз 100 ҳазор моҳӣ парвариш карда мешавад ва интизор меравад, ки натиҷаи хуб ба бор орад.
Даромад аз фурӯши моҳӣ як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.
Дар давоми солҳои 2019-2023 коргарони хоҷагӣ 1 ҳазору 200 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол намудаанд. Дар соли равон бошад, бо амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ ба 600 тонна расонида мешавад.
Дар ҳудуди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” ба ғайр аз моҳипарварӣ парвариши мурғобӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилоят барои ташкили корхонаи коркарди гӯшти моҳӣ ва зиёд намудани ҳавзҳои моҳипарварӣ дар оянда ба роҳбарияти ҷамъият тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд