Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро ифтитоҳ намуданд

Азназаргузаронӣ: 1109

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро, ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Дар иншооти нави варзишӣ, ки дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Суғд сохта шудааст, 10 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷой кори доимӣ шуданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” беш аз 60 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.

Масоҳати иншоот 960 метри мураббаъ буда, толори варзишӣ дорои 300 ҷойи нишаст мебошад.

Барои истифодаи варзишгарон дар Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” ба ғайр аз толорҳои машқу тамрин ҳуҷраҳои корӣ, хонаи шустушӯ ва либоспӯшии мардонаю занона сохта шудаанд.

Бунёди қасри варзиш бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби машқу тамрин, эҳёву рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштин, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, дзюдо, гӯштини самбо ва намудҳои дигари варзиши миллӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи дигари бунёди иншоот оммавияти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба обу тоби бадан мебошад.

Лоиҳаи иншооти варзишӣ бо дарназардошти унсурҳои меъморию ороишии хоси замони муосир ва фароҳам овардани шароити меъёрии машғул шудани наврасону ҷавонон ба машқу тамрин, баргузории чорабинию мусобиқаҳои варзишӣ таҳия гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, машғул шудан ба варзишу тарбияи ҷисмониро омили муҳими таъмини солимии ҳар нафар, омода шудан ба мусобиқаҳои варзишӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани давлату миллатро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.