26 сентябри соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷаласаи Кумитаи идоракунии лоиҳаи “Идоракунии ҳамгирои захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон (INVEST)” иштирок намуд.
Ҷаласаи Кумитаи идоракунии лоиҳаи “Идоракунии ҳамгирои захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон (INVEST)” бо иштироки Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, Фонди Оғохон, GIZ, ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ, роҳбарони дахлдори воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки бо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногуни дунё ва ташкилоту идораҳои байналмилалӣ ҳамкории густарда дорад.
Аз ҷумла, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, ки аз институтҳои муътабари ҷаҳон аст, аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ ба роҳ монда шудааст. Ин созмон ба рушди бахшҳои мухталиф, алалхусус маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, нақлиёту коммуникатсия саҳми худро мегузорад.
Таъкид карда шуд, ки давоми ду соли охир бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар ҳамбастагӣ бо Фонди Тоҷикистонии Оғохон дар водии Зарафшон лоиҳаи “Идоракунии ҳамгирои захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон” амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он як қатор корҳо, аз ҷумла чор ҷузъи муҳим — кишоварзии устувор, идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои табиӣ, ғизо ва оби нӯшокӣ, санитария ва беҳдошт, ки ба стратегияҳои миллӣ мувофиқат мекунанд ва дар иҷрои нақшаҳо ва вазифаҳои аввалиндараҷаи давлатӣ ва маҳаллӣ саҳм мегузоранд, амалӣ гардида истодааст.
Лоиҳаи мазкур яке аз лоиҳаҳои беҳтарин ба ҳисоб рафта, амалисозии он дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод низ ба манфиати кор хоҳад буд.
Раиси вилоят даъват намуд, ки аз ҷониби барномаҳои соҳавии Иттиҳоди Аврупо ва Фонди Тоҷикистонии Оғохон дар оянда низ барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, сохтмон ва азнавсозии як қатор иншооти соҳаи энергетика, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ мусоидат карда шавад.
Дар ҷаласа ҳамзамон Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо низ сухан карда, барои таҳкими робитаҳо ва амалисозии лоиҳаҳои нав ибрози андеша намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи лоиҳа моҳи августи соли 2022 оғоз ёфта, соли 2027 ба анҷом расонида мешавад. Маблағи умумӣ барои татбиқи лоиҳа 16,5 миллион евро дар назар дошта шуда, то имрӯз наздик 5 миллион евро азхуд карда шудааст ва кор дар ин самт идома дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд