20 сентябри соли 2024 таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия масъалаҳои рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №431 “Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020 - 2024”, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Панҷакент», №23 Холиқзода Абдухолиқ Санавбар оид ба иҷрои ваколати вакилӣ, ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум аз 22 декабри соли 2023, №444 «Дар бораи қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2024», пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар ҳавзаи интихоботии алоҳида, номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ баррасӣ шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода кори иҷлосияро оғоз бахшид ва сипас гузориши муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №431 “Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020 - 2024” шунида шуд. Таъкид гардид, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30 июли соли 2020, №431 «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» ба имзо расида, баҳри татбиқи самараноки барномаи мазкур қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 ноябри соли 2020, №352 «Дар бораи нақшаи чорабинӣ оид ба амалӣ намудани Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» ба тасвиб расид. Ҳадафи амалӣ намудани барнома ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва фаъолияти амалии субъектҳои дахлдор дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ мебошад. Барнома равиши мусбати таъмини кўмак, амният ва захираҳоро барои ноболиғон ҷиҳати пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ пешниҳод менамояд.
Тибқи қарори Раиси вилоят нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» таҳия ва тасдиқ гардид. Дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни аҳолӣ, хусусан байни ноболиғон ва ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, бахусус дар соҳаи муқовимат ба экстремизм, терроризм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ, ки хусусияти фаромиллӣ касб кардаанд, мунтазам суҳбату вохӯриҳо ва конфронсҳо гузаронида мешаванд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур ба вакилон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, бартараф намудани сабабу омилҳои ба ҳуқуқвайронкунии ноболиғон мусоидаткунанда, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани насли наврас супоришҳо дода шуд.
Дар идома ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Панҷакент», №23 Холиқзода Абдухолиқ Санавбар оид ба иҷрои ваколати вакилӣ шунида шуд.
Вакилон инчунин дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ аз 21 июни соли 2024, №301 «Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Дашти Ҳаштсари ноҳияи Айнӣ ва номгузорӣ намудани он ба деҳаи Ваҳдатобод», дархости Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бўстон аз 21 июни соли 2024, №233 «Дар бораи номгузорӣ намудани Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон ба номи Абдувалӣ Мақсуд», дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич аз 25 декабри соли 2023, №17/11 «Дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-уми ноҳияи Деваштич ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ашўр Норов», дархости Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз 12 марти соли 2024, №279 «Дар бораи номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев» -ро дастгирӣ намуданд.
Аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия аз ҷониби вакилон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд