Корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар рӯзҳои таҷлили санаҳои фархундаи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100-солагии Авиатсияи граждании Тоҷикистон ва 90-солагии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд вусъат ёфтааст.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд омада, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.
Тавре маълумот дода шуд, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар фурудгоҳ коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шуда, либосҳои махсуси корӣ барои кормандони шуъбаву хадамоти фурудгоҳ омода карда мешавад. Баъди ба кор оғоз намудани коргоҳи дӯзандагӣ то 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Ҳамзамон, ҷиҳати таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо ва мутобиқ намудани фурудгоҳ ба стандартҳои байналмилалӣ барои нигаҳдории мошинҳо дар минтақаи истгоҳи мошинҳои махсус ташкили боксҳо бо ғунҷоиши 20 нақлиёт, бунёди меҳмонхона ва ошхонаву тарабхона идома дошта, корҳои пардозгариву ороишӣ дар марҳилаи анҷомёбист. Дар таҳхонаи ошхона ҳуҷраҳо барои тайёр кардани хӯрок ва нигоҳдории маҳсулот омода карда шудаанд. Бинои меҳмонхона аз 5 ошёна ва 90 ҳуҷра иборат буда, дорои 188 кат мебошад. Бинои ошхона ва тарабхона бо ҷойи нишаст барои то 300 нафар сохта шуда, дар оянда шабонарӯзӣ фаъолият хоҳад кард.
Тазаккур дода шуд, ки барои мутобиқ намудани хизматрасониҳо ба стандартҳои байналмилалӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азму талоши роҳбарияти фурудгоҳ ба бунёду навсозии иншооти соҳа равона карда шудааст.
Тайи солҳои охир дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд иншооти зиёде чун бинои нави аэровокзал, толор ва тарабхонаи ҷавонон, толор барои қабулу гусели меҳмонони олиқадр, гулгашти саҳни фурудгоҳ, маҷмааи “Дуои Модар” ва даҳҳо иншооти дигар бунёд гардида, бунёди терминали нав низ шурӯъ гардидааст.
Раиси вилоят барои вусъати корҳо дар иншооти ҷашнӣ ва гармхонаҳои ҳудуди фурудгоҳ дастуру маслиҳатҳои зарурӣ дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд