Мулоқоти гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон

13 апрел дар минтақаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти гуруҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Дар ин мулоқот фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майор Уларбек Шаршеев, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо ва раисони ноҳияҳои наздисарҳадӣ иштирок намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи тирпаронии шаби гузаштаро баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки қувваҳои иловагӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шаванд. Масъулон аз ҳарду ҷониб хостори таъмини ҳаёти осоиштаи сокинони наздисарҳадӣ гардида, таъкид карданд, ки сабабу омилҳои муноқишаи ахир пурра омӯхта шавад.

Ҳамзамон роҳбарони идораҳои хоҷагии об ва замини вилоятҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ тақвият бахшида, бо назардошти манфиати тарафҳо аз захираҳои обии минтақа якҷо ва самаранок истифода намоянд. 

Бояд гуфт, ки айни замон вазъ дар сарҳад муътадил буда, сокинон ба зиндагии осоиштаи худ идома медиҳанд. Вазъ зери назорати мақомоти қудратии ду тараф қарор дошта, қувваю воситаҳои иловагӣ ба ҷойи доимӣ баргардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд