Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт

13 август бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Хуҷамбердиеви Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони маркази хизматрасонию фароғатии кӯдакона дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 оғоз гардида, моҳи августи соли равон ба анҷом расонида шуд. Дар вақти иҷрои корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Лоиҳаи иншоот, ки 255 метри мураббаъ масоҳат дорад, аз ҷониби КФ КВД “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Ашт омода шуда, пудратчӣ ҶДММ “Сохтмон элит” мебошад.

Маркази хизматрасонӣ бо ташаббуси соҳибкори инфиродӣ Нуралӣ Тўхтабоев ба маблағи 4 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар марказ барои бозиву дилхушии кӯдакон таҷҳизоти замонавӣ васлу насб гардидааст. 

Бо ба истифода супурдани иншоот 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд