Дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бинои иловагӣ сохта мешавад

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои иловагии гимназияи №4 санги асос гузошт.

Бинои сохташавандаи муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна бо таҳхона ва 32 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 960 нафар хонанда дар як баст сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

Сохтмони ин бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби ширкати ватании “Тоҷ-сохтмон” амалӣ карда мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозиро дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф диққати махсус зоҳир гардида, ҳамасола даҳҳо иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад. Дар вилояти Суғд дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо синфхонаҳои иловагӣ ҷараён дошта, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Таъкид гардид, ки кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, барои забондону соҳибкасб шудани онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд