31 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо ба ноҳияи Айнӣ сафари корӣ анҷом дод.
Сокинони меҳнатқарини ноҳияи Айнӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат намуда, дар иҷрои корҳои ободонӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Масалан, дар деҳоти Фондарё бо саҳми сокинону соҳибкорон хати оби нӯшокӣ ва полезӣ кашида шуд, ки дар натиҷа қариб 200 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин гардида, 8 гектар замини наздиҳавлигии сокинон шодоб гардид. Дар маросими баистифодадиҳии хати оби нӯшокӣ ва полезӣ иттилоъ дода шуд, ки саргаҳи об деҳаи Махшеват буда, бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ ба масофаи 8,5 километр тавассути қубурҳои полиэтиленӣ об оварда шуд.
Раиси вилоят аснои суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори вилоят бунёдкориҳо идома дошта, саҳми сокинон дар ободонии маҳал назаррас аст. Хушбахтона, сокинон дарк намудаанд, ки рисолати ҳар фарди ватандӯст пеш аз ҳама бо шукргузорӣ аз ин фазои орому осудаи Ватан саҳм гузоштан дар тадбирҳои бунёдкорӣ ба хотири шукуфоии бештари меҳан аст.
Қайд карда шуд, ки соҳибкорону сокинон нақша доранд, ки дар оянда майдони варзишӣ бунёд намоянд, роҳҳои дохили маҳаллро обод созанд ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд.
Дар деҳаи Ҳайронбеди деҳоти Фондарё низ корҳои ободонӣ ҷараён дошта, чароғонкунии кучаҳо бо истифода аз лампаҳои замонавӣ, ки манбаи равшаниаш аз нури офтоб аст, идома дорад. Шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ дар кучаҳои деҳа ба симои он ҳусни хоса зам намуда, бо амалӣ шудани иқдомҳои созанда Ҳайронбед ба як минтақаи зебо табдил ёфтааст.
Раиси вилоят дар деҳаи Ҳайронбед бо сокинон мулоқот карда, барои иҷрои корҳои ободонӣ ва саҳмгузориашондар бунёди иншооти иҷтимоӣ изҳори сипос намуд. Бо иштироки роҳбари вилоят дар ин деҳа ба бунёди ҳавзи шиноварӣ санги асос гузошта шуд.
Зимни муаррифии лоиҳа маълумот дода шуд, ки майдони умумии зери сохтмони ҳавзи шиноварӣ 160 метри мураббаъ буда, дарозии ҳавз 22 ва паҳноияш 8 метрро ташкил медиҳад. Мувофиқи лоиҳа иншооти мазкур аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дар он ҳавзи шиноварӣ, мағозаи махсуси фурӯши лавозимоти шиноварию истироҳатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои ивази либос ва утоқҳои кории маъмурият чой дода шудааст. Барои амалӣ шудани корҳои сохтмонӣ 500 000 сомонӣ пешбини шудааст.
Дар идома роҳбари вилоят бо сохтмони майдонҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол ва тенис шинос гардид. Иншооти варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 39 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми соҳибкорону сокинон бо харҷи 1,8 миллион сомонӣ сохта хоҳад шуд.
Дар деҳаи Ҳайронбед Раиси вилоят инчунин бо лоиҳаи бунёди бинои нави беморхонаи минтақавии №6-и деҳоти Фондарё шинос шуд. Тавре маълум гардид, корҳои сохтмонӣ дар бинои нав оғоз гардида, иншоот дар аоси талаботу меъёрҳои сохтмонӣ бунёд мегардад.
Дар идомаи сафар Раиси вилоят аз деҳаи Ҳайронбед ба деҳаи Джик омада, дар маросими ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ширкат варзид. Маркази хизматрасонии “Содиқовҳо” бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ховар Содиқов бунёд карда шудааст. Он аз ду ошёна иборат буда, ошёнаи якум барои фуруши маводи хўрокворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюм барои гузаронидани маросими тӯйю маъракаҳо ва қабули 150 нафар меҳмонон шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар ин рӯз роҳбари вилоят ҳамзамон аз ҳоли собиқадорони меҳнат Маҳмуд Норов ва Олим Алимов хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд