Шиносоӣ бо вазъи таъминот бо оби полезӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи сафар Раиси вилоят сараввал бо фаъолияти пойгоҳи обкашии "Янтоқ-2" шинос шуд. Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ду агрегати нав ба ин пойгоҳи обкашӣ дастрас ва васлу насб карда шудааст. Ин тадбири муҳим имкон дод, ки заминҳои корам бо оби полезӣ таъмин ва мушкилоти мавҷуда бартараф карда шавад. Ба таъкиди масъулони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат буд, ки имсол кишоварзони ноҳия дар самти кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Зеро таъминоти оби полезӣ назар ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, муаммоҳои ҷойдошта марҳила ба марҳила бартараф гардида истодааст. Тибқи иттилои масъулин дар ноҳияи Мастчоҳ 17 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, тавассути онҳо зиёда аз 20 000 гектар замин обёрӣ карда мешавад.

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби заминҳои лалмӣ майдони заминҳои корам зиёд мегардад. Соҳибкор Зариф Ҳомидов тасмим гирифтааст, ки беш аз 300 гектар заминҳои ламиро шодоб намояд. Раиси вилояти Суғд Раҷабббой Аҳмадзода бо раванди корҳои сохтмони хатти оби полезӣ шинос гардида, аз ин иқдоми соҳибкори ватандӯст истиқбол намуд. Ҳоло дар мавзеи Сардобсойи деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ кашидани хатти оби полезӣ ҷараён дорад. Таҷрибаи солҳои қаблии соҳибкор Зариф Ҳомидов нишон додааст, ки заминҳои ин мавзеъ ҳосилхез аст. 

Раиси вилояти Суғд зимни шиносоӣ бо фаъоляти имрӯзаи соҳибкор, ки барои васеъ намудани майдони заминҳои корам камари ҳиммат бастааст, аз дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат дар самти истифодаи оқилонаи обу замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва бо ин васила саҳм гузоштан дар рушди соҳаи кишвоарзӣ ёдовар шуд. Илова карда шуд, ки азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулиятшиносӣ дар ҳамаи самту соҳа барои рушду шукуфоӣ мусоидат мекунад ва чунин ташаббусҳо намунаи ибрат аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд