11-уми апрели соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар семоҳаи якуми соли 2022 баргузор гардид.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовини аввал, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони ташкилоту идораҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаҳои маориф, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон, масъулини соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолони вилоятро ҳусни оғоз бахшид ва сипас, муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар семоҳаи аввали соли 2022 баромад намуд. Қайд карда шуд, ки мардуми сарбаланди вилоят баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Сокинони шарафманди вилоят бо масъулияти баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди ҳаёти иҷтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ, рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар давраи ҳисоботӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,4 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 122,5 фоиз расонида шуд. Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ба миқдори 229,3 ҳазор тонна семент ва 284,8 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш мутаносибан 94,6 ва 113,2 фоизро ташкил намудааст.
Тибқи нақша дар соли 2022 ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 2904 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 3 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 40 корхонаву коргоҳҳои нав бо 1677 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.
Дар се моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 891,7 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 111,8 фоиз таъмин гардид. Дар семоҳаи аввал ҳиссаи зиёди истеҳсоли маҳсулот ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дар ин давра 889,3 млн. сомонӣ, моҳипарварӣ 4,8 млн.сомонӣ ва растанипарварӣ 2,4 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан 112,2, 111,6 ва 77,0 фоизро дарбар гирифт.
Дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи зиёда аз 187,3 млн.сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд, ки баробари 130,5 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 мебошад. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми 315,2 млн.сомонӣ азхуд карда шуда, корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 252,5 млн. сомонӣ иҷро шудааст. Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 86 130 метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба масоҳати 17 млн 619 ҳазор метри мураббаъ зиёд буда, суръати афзоиш 12,7 фоизро дар бар мегирад.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 3 моҳи соли 2022 ба 3 млрд 519 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 984 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 109,0 ва 106,1 фоизро ташкил намуд. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2022 ба 720,5 млн. доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 150,4 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми воридот 463,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 118,4 млн. доллар ё 34,3 фоиз афзудааст. Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 257,0 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 122,4 млн. доллар ё 90,9 фоиз зиёд мебошад.
Муовини Раиси вилоят ҳамзамон оид ба вазъи соҳаи тандурустӣ, маорифу фарҳанг ва кор бо ҷавонону варзиш маълумот дод.
Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳо дастур дод, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон таълиму тарбия аз боғча ва мактаб босифат ва мақсаднок ба роҳ монда шуда, дар ҳамаи мактабҳо ва донишгоҳҳои қаламрави вилоят дарси омодагии ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо комиссариатҳои ҳарбӣ бо истифодаи аёният ва таҷҳизоти зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Сипас, Раиси вилоят аз сардори Раёсати андоз дар вилоят Абдуқаюм Воҳидов, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода пурсиш намуда, ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳаҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супоришҳо дод.
Дар ҷараёни маҷлиси фаъолон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода доир ба камбудиҳои як қатор соҳаҳо изҳори назар карда, барои ислоҳи онҳо масъулинро вазифадор намуд. Ҳамзамон, баҳри рушди соҳаи саноат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистода, кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил, истеҳсоли пилла, корҳои ободонию созандагӣ, таъмири роҳҳои дохиливу байнишаҳрӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ, таъмини босифати барқ дар ҷойҳо, сифатнок иҷро намудани нақшаи даъвати ҳарбӣ, иҷрои саривақтии нақшаи андоз, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҷалби мутахассисони ҷавони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба кор, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ба масъулин супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд