Вусъати корҳои мумфаршкунии роҳҳо дар деҳоти ноҳияи Ашт

18 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт ба корҳои мумфаршкунии роҳи марказии деҳаи Марҳамати деҳоти Шодоба оғоз бахшид.

Дарозии роҳи мумфаршшаванда 2 км ва паҳноии он 6 метр буда, он бо ташббуси сокинони деҳа мумфарш карда мешавад. Дар марҳилаи дуюм дар назар аст, ки боз 6 км роҳи деҳа мумфарш гардида, вазъи роҳҳои деҳа беҳтар карда шавад. Ба иттилои масъулин бо саҳмгузории сокинон барои корҳои мумфаршкунӣ 1 миллион сомонӣ равона карда хоҳад шуд.

Дар суҳбат бо сокинон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба сокинони ноҳияи Ашт барои амалисозии иқдому ташаббусҳои созанда изҳори ташаккур намуд. Қайд карда шуд, ки сокинони ноҳия имсол дар тамоми деҳаҳо иқдомҳои шоистаро амалӣ карда, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ободу зебо намудани маҳалли зист, аз ҷумла мумфарш намудани кӯчаҳои деҳот намунаи ибрат гардиданд.

Боиси таъкид аст, ки сокинони ноҳияи Ашт дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо километр роҳҳои ҳудуди деҳотро мутобиқ ба меъёру талаботи пешбинишуда ва бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ пурра мумфарш намуда, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷаншни бузурги миллӣ – 35 - солагии Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои ободониро дар муттаҳидию сарҷамъӣ бо сатҳу сифати баланд амалӣ менамоянд.

Имсол дар баробари иҷрои дигар тадбирҳои муҳими созандагӣ раванди мумфарш намудани роҳҳои мошингард дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Ашт вусъат ёфт ва нишондоди корҳои иҷрошуда қобили сотоиш ва намунаи ибрат аст.

Тибқи маълумот дар давоми соли равон бо саҳмгузории бевоситаи аҳолии меҳанпараст ва хайрхоҳу саховатпешаи ноҳия, ки ободкорию созандагиро пешанамудаанд ва барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ талоши бештар доранд, зиёда аз 50 километр роҳҳои ҳудуди деҳот пурра асфалтпӯш карда шуд. Дар давоми соли равон аҳолӣ тасми дорад, ки бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия боз бештар аз 30 километри дигарро пурра мумфарш намояд.

Дар маҷмуъ аз оғози соли равон то имрӯз барои таъмиру навсозии роҳҳо сокинони ободкору созандаи ноҳияи Ашт наздики 40 миллион сомонӣ саҳмгузорӣ намуданд. Танҳо дар ҷамоати деҳоти Шодоба аз ҷониби сонинон бо харҷи 8,5 миллион сомонӣ зиёда аз 20 километр роҳ пурра асфалтпӯш карда шуд

Раванди корҳои ободонӣ, аз ҷумла таъмири роҳҳо аз ҷониби мақомоти маҳал, соҳибкорони ватандӯст ва аҳолии ноҳия боз ҳам вусъат дода мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд