10 июл дар шаҳри Бӯстон мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои Ваҳдат ва ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз ёфт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои мумфаршкунӣ оғоз бахшида, зимни суҳбат бо сокинон қайд намуд, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду баистифодадиҳии 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин марҳила беш аз 8 ҳазори он ба истифода дода шудааст.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ садҳо километр роҳҳои дохилӣ низ мумфарш гардида, корҳои роҳсозӣ муташаккилона идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи кӯчаҳои зикршуда ба масоҳати умумии 17 ҳазор метри мураббаъ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мумфарш хоҳад шуд. Фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии вилоят ва паймонкор ҶДММ “Ваҳдат-2018” мебошад.
Сокинон аз чунин иқдом ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат руҳбаланд гардида, омодагии худро барои анҷом додани корҳои ободониву бунёдкорӣ изҳор доштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд