Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварати корӣ муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Раиси вилоят нахуст иброз дошт, ки мардуми сарбаланди вилояти Суғд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳо андешида, ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ аҳлона меҳнат намуда истодаанд.
Сипас, доир ба масъалаҳои омодагии саривақтии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят барои фаъолияти бонизом дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, гузаронидани кишти такрории зироати кишоварзӣ, таъмини муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, дар маҷмуъ таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят муовини якуми Раиси вилоят ва муовинони Раиси вилоят гузориш доданд.
Бо таҳлили вазъи соҳаҳо роҳбари вилоят ҷиҳати захираи ангишту ҳезум барои муассисаҳои иҷтимоӣ дар давраи тирамоҳу зимистон, иҷрои саривақтии нақшаи кишти такрории зироати кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани замин, гирифтани ду-се ҳосил, истифодаи тухмиҳои хушсифат, ҷалби сармоя ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, ҷалби кадрҳои ҷавон ба кор, таъмини муассисаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, таълиму тарбияи насли наврас, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон, пешгирии зиёдаравӣ дар тӯйю маъракаҳо, мубориза бар зидди хурофотпарастӣ, густариш бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд