Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли эҳтиром Шуморо ба ифтихори сазовор гардиданатон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин - ордени “Дӯстӣ”, ки бори аввал дар таърихи давлатдории Чин берун аз ҳудуди ин кишвар тақдим карда шуд, шахсан аз номи худ ва мардуми вилояти Суғд табрику таҳният намуда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом, бахту саодати пойдор ва дар фаъолияти серҷабҳаи давлативу сиёсиатон дастоварду муваффақиятҳои беназир таманно менамоям

Воқеан ҳам нақши Шумо, Ҷаноби Олӣ дар таҳкими муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародар ва дар сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ барҷаста буда, ифтихор дорем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо кӯшишу талошҳои пайвастаатон дар арсаи минтақавию байналмилалӣ соҳиби мақому мартабаи хоса гардидааст. 

Ин эҳтирому қадршиносӣ нишони эътирофи хизматҳои Шумо дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона маҳсуб меёбад, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Сокинони шарафманди вилояти Суғд бо ифтихор минбаъд низ сиёсати хирадмандонаи Шуморо ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, бо роҳнамоиҳои Шумо баҳри рушди Ватани маҳбубамон ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни таърихии 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош менамоянд.  

Бо камоли хушнудӣ бори дигар ин мукофоти баландро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ табрику таҳният гуфта, таманно менамоем, ки ба бахти мардуми кишвар ва сарсабзиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!

Ин мукофоти олӣ обрӯйи Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар ҷаҳон аст!

 

Бо эҳтиром,

Раиси вилояти Суғд

Раҷаббой Аҳмадзода