Таҷлили 27-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд

27 июн ба муносибати 27-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри таърихии Арбоб бо иштироки роҳбарияти вилоят, аҳли зиё намояндагони шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозирин ва тамоми сокинони вилоятро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфта, барои кишвари азизамон рушду тараққиёт ва пешрафту шукуфоӣ таманно намуд.

Таъкид карда шуд, ки имрӯз ҷашни ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузургу таърихии халқамон ба яке аз ҷашнҳои умумимиллии мо ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик табдил ёфтааст.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун омилҳои муттаҳидсозандаи мардуми тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад, — иброз дошт роҳбари вилоят.

Тазаккур дода шуд, ки соли равон ба имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки барои ҷомеаи мо дастоварди ниҳоят арзишманд ба ҳисоб рафта, асоси суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии Ватани маҳбубамон мебошад, 27 сол пур мешавад.

Бо шарофати таъмини сулҳу Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз гардида, Ватани азизамон аз вартаи ҳалокату парокандагӣ наҷот ёфт. Барқарор шудани сулҳу субот имконият фароҳам овард, ки татбиқи барномаҳои муҳимтарини иқтисодию иҷтимоӣ бо ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ амалӣ гардад.

Дар натиҷаи расидан ба Ваҳдати миллӣ кишвари мо ба марҳалаи рушд ворид шуд ва пешрафти босуботи иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум дар ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид. Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расиданд, офтоби пурбаракоти сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати бузургу бемисл ато намуд.

Бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ба унвони намунаи ибрат барои таҳкими сулҳу субот дар кишварҳои мухталифи олам истиқбол намуда, бархурдорӣ ва огаҳӣ аз ин рўйдоди босаодатро рукни муассир дар таъмини ваҳдати миллӣ барои аксари кишварҳои дунё арзёбӣ кардаанд. Расидан ба ваҳдати миллӣ, ки аз талошу пайкор ва корномаҳои бузургу бемисли Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад, ҳосили сабақгирӣ аз дарси сарнавишти таърихии тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз, ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад.

Таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ дар соли ҷашни 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон басо рамзӣ мебошад, зеро қабули Конститутсия дар саҳифаҳои давлатдории навини миллӣ ҳамчун рамзи ҳастии миллат, эҳёи давлати соҳибистиқлоли соҳибтамаддун, исботи интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тантанаи адолат, татбиқи муваффақонаи андешаи созандаи миллӣ ва шаҳодати саодатмандии халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Мо бояд ин санаи муҳимми таърихиро низ бо дастовардҳои арзанда истиқбол намуда, дар ин раванд ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум ва ба онҳо фаҳмонидани зарурати зиндагиву кор кардан танҳо дар доираи қонун пайваст тадбирҳои судманд амалӣ намоем.

Дар охир изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони сарбаланди вилояти Суғд ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо ифтихори баланди ватандорӣ ва ваҳдату ҳамгироӣ бунёдкориро вусъат бахшида, ҷашни муқаддасу бузурги миллиамонро дар рўҳияи баланди ватандўстиву ватанпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои сазовор истиқбол мегиранд

Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид, ки он тараннумгари сулҳу дӯстӣ, муҳаббат ба Ватан ва саразмини аҷдодӣ буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд