Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум

25 июни соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид.

Ба рӯзномаи иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум ҳашт масъала, аз ҷумла рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460 “Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ҳисоботи комиссияи доимиии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба қонуният, ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохти маъмурию ҳудудӣ, истифодаи самараноки амволи давлатӣ, номгузории обеъктҳои физикиву ҷуғрофӣ, ворид намудани тағйирот ба қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод шуда, аз ҷониби вакилон тасдиқ карда шуд. 

Раиси вилоят иҷлосияро ифтитоҳ намуд ва сипас доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №460 “Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориш дод.

Қайд карда шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳкими иқтисоди рақамӣ, таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ дар заминаи афзун намудани ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ ва ба ин васила коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди ғайрирасмӣ, дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, № 460 «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва иҷрои қарори Раиси вилоят аз 3 марти соли 2022, №62 “Дар бораи татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар вилояти Суғд” тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида,нақшаи чорабиниҳои қарори мазкур иборат аз 21 банд мавриди амал қарор дода шуда истодааст. 

Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо мақсади тақвияти рушди иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариш ба модели нави рушди иқтисоди рақамии оянда дар дурнамои дарозмуҳлат таҳия гардидааст.

Механизми ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии амалисозии барнома дар асоси таҷрибаи сатҳи байналмилалӣ тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ, ки бо ҷалби шарикони рушд ва тиҷоратии кишвар таъсис дода мешавад, амалӣ мегардад. 

Дар вилоят масъалаи таъмини рушди инфрасохтори технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки заминаи калидии рушди иқтисоди рақамӣ маҳсуб меёбад, афзалияти асосӣ дониста шуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳо андешида шуда истодаанд. 

Дар доираи амалишавии Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти давлатӣ сомонаҳои расмӣ ташкил гардид. Сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят (www.sugd.tj) ва сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истифода аз домени “tj” мавриди истифодаи васеъ қарор дошта, робитаи мустақимро бо шаҳрвандон ба роҳ мондаанд.

Инчунин, дар доираи амалишавии барномаҳои давлатӣ вобаста ба рушди соҳаи иттилоот ва рақамикунонии иқтисодиёт номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ сол аз сол тавсеа меёбанд. Аз ҷумла, дар соҳаи андоз системаҳои пешниҳоди ҳисоботи электронӣ пурра ҷорӣ шуда истодааст. Тавассути системаи бонкдорӣ номгӯи зиёди хизматрасониҳо дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ ба тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи якчанд шаҳраку деҳот ба тариқи пилотӣ системаи ҷамъоварӣ ва коркарди ҳисобот ба тариқи электронӣ татбиқ мегардад. 

Дар шароити муосири пешрафти бесобиқаи илму техника таъмин намудани рушди босуботи иқтисоди миллӣ бидуни истифодаи васеи унсурҳои иқтисоди рақамӣ, густариши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тайёр намудани кадрҳои дорои донишу малакаи муосир ва дар заминаи таъмин намудани ҳамбастагии илм бо истеҳсолот татбиқ кардани навовариҳо дар истеҳсолот, ки дар навбати худ ба тиҷоратикунонии фаъолияти илмию инноватсионӣ имкон фароҳам меоварад, ғайриимкон мебошад. 

Вобаста ба ин, дар марҳилаи минбаъда масъалаҳои тиҷоратикунонии фаъолияти инноватсионӣ, бахусус дастгирии иқдомҳои нав, яъне стартапҳои соҳибкорону ихтироъкорони ҷавон, ҳавасманд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ба маблағгузории корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ афзалияти асосӣ қарор дода мешавад. 

Бо таваҷҷуҳ ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъсиси паркҳои технологии муосир дар шаҳру ноҳияҳо баён гардидаанд, ба раванди таъсиси парки технологии муосир дар шаҳри Хуҷанд муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин доираҳои соҳибкории вилоят, бахусус, корхонаҳои калони саноатӣ ҷалб карда мешаванд. 

Такъид карда шуд, ки минбаъд низ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, № 460 “Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда хоҳад шуд.

Раиси вилоят зимни таҳлили рафти иҷрои барнома барои таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ тавассути татбиқи фарогири ҳукумати электронӣ, ҳамчун ҷузъи иқтисоди рақамӣ, бахусус таъмини дастрасии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот бо техникаву технологияҳои муосир ва интернет ба масъулин супоришҳо дод.

Вакилон ҳамзамон гузориши муовини Раиси вилоят Зайнура Азимиро роҷеъ ба номгузории обеъктҳои физикию ҷуғрофӣ, ҳисоботи комиссияи доимиии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба қонуният, ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохти маъмурию ҳудудӣ, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Сарбанд», №55 Пӯлодзода Илҳом Пӯлод оид ба иҷрои ваколатҳои вакилиашро шунида, аз рӯи ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Раиси вилоят дар охир барои иҷрои барномаҳои соҳавии дахлдор, нақшаи андозҳо, тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, тарбияи дурусти насли наврас ва дигар масъалаҳои муҳим ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд