10 апрел гуруҳи соҳибкорон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Фаронса аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, ки дар Боғи миллии "Ваҳдат" ташкил карда шуд, боздид намуданд.
Зимни муаррифии маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда маълумот дода шуд, ки дар Суғд беш аз 700 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст. Аз ҷумла, дар 3 моҳи соли 2022 ба маблағи 5,4 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Бархе номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда, аз ҷумла нӯшокиҳои гуногун, шириниҳо ва хушкмеваву афшураи он ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ дастовардҳо назаррас буда, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба монанди мева, пиёзу сабзавот ба кишварҳои минтақа содирот карда мешавад.
Меҳмонон бо намунаҳои маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон шинос гардида, барои роҳандозии ҳамкориҳо ва харидории маҳсулот омодагӣ баён намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд