13 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо вазъи корҳо дар корхонаҳои бунёдшаванда шинос гардид.
Зимни боздиди роҳбари вилоят аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Корея ҶДММ «Ориён Ҷей Текстайл», ки фаъолияти худро тақвият бахшида истодааст, иттилоъ дода шуд, ки ин ҷамъият бо роҳандозии фаъолияти васеи дӯзандагӣ ният дорад, ки шумораи кормандонро, ки феълан 130 нафар ҳастанд, то ба 350 нафар расонад.
Ҷамъият бо ворид намудани технологияи муосир аз кишварҳои хориҷа, бо дӯхтани либосҳои соҳавӣ, ҳарбӣ, мактабӣ ва ғайра машғул буда, дар ояндаи наздик ба дӯхтани шиму костюмҳои мардона низ машғул мешавад. Айни ҳол ҷамъият имкон дорад, ки дўзандагони аз синни 18 сола то 45 соларо ба кори доимӣ ҷалб намояд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Корея ҶДММ «Ориён Ҷей Текстайл» дастур дод, ки фаъолияти хешро ҷоннок намоянд ва барои таъмини маҳсулоти ватанӣ ва содироти он тадбирҳои мушаххас андешанд.
Сипас, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони якчанд корхонаҳои саноатии шаҳр шинос гардид.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва ширкати “Тоҷпанел” бо сармоягузории беш аз 6 миллион сомонӣ дар масоҳати 0,73 га сохтмони корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад ва он баъди як сол ба истифода дода мешавад.
Дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби ширкати ватании “Афрангпласт” ҷараёни бунёди як корхонаи замонавии калон низ идома дорад, ки баъди истифодадиҳии он дар як сол беш аз 4000 тонна профилҳои пластикӣ истеҳсол карда мешавад. Ин ширкат дар ҳамкорӣ бо шарикони туркӣ маҳсулоти баландсифати профилҳои пласткӣ бо таҷҳисзоти муосир роҳандозӣ хоҳад намуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ дастурд дод, ки корҳои сохтмонӣ босифат анҷом дода шавад ва дар муҳлатҳои муайянгардида, истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ба роҳ монда шавад.
Аснои шиносоӣ бо раванди сохтмони коргоҳи коркарди гўшти мурғ ва истеҳсоли ҳасиби ҶДММ ”Насиби ширин” иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Салимҷон Ҷўраев бунёд гардида, он асосан ба коркарду басту банди гўшти мурғ ва дар ояндаи наздик ба истеҳсоли ҳасиб машғул хоҳад шуд.
Мурғҳои забҳмешуда пурра дар фермаи ин ширкат парвариш меёбанд. Корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи ватанӣ бомаром идома ёфта, таҷҳизоти коргоҳ, ки истеҳсоли кишварҳои Чин ва Туркия мебошад то охири моҳи июн ворид карда мешаванд. Ҳаҷми аввалияи сармоягузории ин тарҳ беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Зикр шуд, ки дар марҳилаи аввалияи бакорандозии корхона коркарди гўшти мурғ ба назар гирифта шудааст. Дар марҳилаи дуюм соҳибкор Салимҷон Ҷўраев иқдом гирифтааст, ки бо ворид намудани технологияи муосир истеҳсоли ҳасибҳои гуногунро ба роҳ монад. Баъди истифодадиҳии марҳилаи аввали ин коргоҳ беш аз 60 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ширкат ҷиҳати суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани технологияи муосир дастуру супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд