Шиносоӣ бо бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон

Дар шаҳри Бӯстон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди корхонаҳои нави саноатӣ идома дорад.

Соҳибкорон Ҷамшед Дадоматов ва Саидкамоли Саидаҳмад тасмим гирифтаанд, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли оксиген ва масолеҳи сохтмониро таъсис диҳанд. 

Дар корхонаи бунёдшаванда, ки "Ваҳдати Бӯстон" ном хоҳад гирифт, 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд. То ба ин дам қисме аз корҳо ба анҷом расида, дар боқимондаи он сохтмончиён машғули кор ҳастанд. Маҳсулоти дар ин корхона истеҳсолшавада воридотивазкунанда буда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ хело муҳим мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ташаббуси соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки бояд корҳои сохтмонӣ бо сифат иҷро гардида, технологияи пешрафта ворид ва васлу насб карда шавад.

Ташаббуси дигари соҳибкорон дар шаҳри Бӯстон ин ба роҳ мондани коркарди гӯшти мурғ ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.

Корхонаи коркарди гӯшти парранда аз ҷониби ширкати "Фаровон" таъсис дода мешавад ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он 100 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Раиси вилоят зикр дошт, ки ин ҳама иқдому ташаббусҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати мамлакат-саноатикунонии босуръати кишвар заминаи воқеӣ мегузорад.

Раиси вилоят дар доираи боздиди корӣ аз шаҳри Бӯстон собиқадорони меҳнат Эдуард Қурбонов ва Маҳбуба Надироваро хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид. Номбаршудагон солҳои зиёд дар соҳаи маориф кор карда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд