Чун анъана имрӯз дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи мазкур боздид намуд ва барои бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи ғизоӣ ба масъулини Сарраёсати кишоварзӣ ва дигар сохторҳои марбута супоришҳо дод. Таъкид карда шуд, ки ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам доир шуда, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом таъмини фаровонии дастархони мардум мебошад.
Дар ярмарка кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи маводи озуқаворӣ маҳсулоти заруриро бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод намуданд.
Боиси зикр аст, ки дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон низ чунин ярмарка ташкил шуда буд ва сокинон маҳсулоти лозимаи худро харидорӣ карда буданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд