Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ "Сирдарё" шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи «Сирдарё» соли 2009 таъсис ёфта, дар коркарди анвои гуногуни мева ва истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ дар бозори истеъмолӣ мавқеи хос дорад.
Муассиси корхона бо роҳандозии хату таҷҳизоти муосири технологӣ, яъне истифодаи оқилонаи иншооти мавҷуда истеҳсоли ҳаҷму номгӯи зиёди маҳсулоти консервӣ аз меваю сабзавотро ба роҳ мондааст. Ин хатҳои технологии коркарди меваю сабзавот, рехтану банду басти маҳсулот ба зарфҳои шишагӣ, хатҳои технологии рехтан ва бандубасти маҳсулот ба зарфҳои тетрапаки ғунҷоишашон 200, 250 грамма, 1 литра ва коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои қоғазию картонӣ ва ғайраҳо мебошанд.
Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ хатҳои технологии муосири истеҳсоли давлатҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой васлу насб гардидаанд..
Таъкид шуд, ки дар корхонаи «Сирдарё» бо маҳорату кордонии мутахассисон маҳсулоти дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешаванд. Ин афшураҳои мевагӣ, афшураи помидор, хамираи меваҳо, хамираи помидор, нектарҳо, нӯшобаҳои мевагӣ, нӯшокиҳо бо таъми мева ва консерви сабзавот мебошад. Дар бозори истеъмолӣ рақобатпазирии маҳсулоти корхона собит гардидааст ва дар бозори дохилӣ бо нишони молии «Мерси Баку» мавқеи худро пайдо намудааст.
Ин корхона давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 926 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба иқдоми соҳибкори ватанӣ дар роҳандозии бомароми чунин корхонаи истеҳсолӣ ва нақши онҳо дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ баҳои баланд дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд