Дар минтақаи шафати роҳи оҳани ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 маркази содироти маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардидааст ва ҳамарӯза аз ин ҷо ба хориҷи мамлакат тариқи роҳи оҳан ва мошинҳои калонҳаҷм пиёзи барвақтӣ интиқол дода мешавад.
Тавре зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, барои иҷрои корҳо, ба монанди саракунӣ, банду басти маҳсулот ва пур кардани вагонҳо шумораи зиёди сокинони ноҳия бо шуғл ва маоши хуб таъмин гардида, барои соҳибкорону тоҷирон шароити мусид фароҳам оварда шудааст.
Содироти пиёзи барвақтӣ аз ин минтақа асосан аз 17 апрел оғоз гардида, ба таъкиди соҳибкорон рӯз то рӯз талабот ба пиёз ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат зиёд мегардад.
Барои интиқоли саривақтии пиёз, аз ҷумла ҷиҳати барасмиятдарории маҳсулоти содиротшаванда саҳми кормандони минтақавии гумрук дар ноҳияи Ҷаббор Расулов назаррас аст.
Ба таъкиди кишоварзон ва соҳибкорон имсол ҳосили пиёз фаровон аст ва талабгорони ин намуди маҳсулот дар хориҷи мамлакат низ зиёд мебошад.
Барои бе мушкилӣ содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ ситоди вилоятӣ амал карда, дар асоси талаботи бозор ба соҳибкорону тоҷирон ва дар маҷмуъ интиқолдиҳадагони бор дастру маслиҳатҳои муфид дода мешавад.
Соли равон хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд аз ҳисоби кишту парвариши пиёзи барвақтӣ ҳаҷми содиротро зиёд менамоянд.
Дар вилоят кишоварзони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов дар самти содироти пиёзи барвақтӣ имконияти бештар доранд
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд