Раиси вилоят сарбозонро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик намуд

28 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисмҳои ҳарбии мустақар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов омада, афсарону сарбозонро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат аз оғози таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ доир ба фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникӣ, бунёду навсозӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтори сарҳадӣ ва омодасозии мутахассисони касбӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуд. Дар як муддати кутоҳ барои марзбонон тамоми шароити мусоиди пеш бурдани хизмат, машқу таҳсил, зиндагӣ, истироҳат ва варзиш муҳайё гардид .

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки солҳои охир бо иқдомоти Ҳукумати мамлакат 120 дидбонгоҳи нав бунёд ва даҳҳо дидбонгоҳи сарҳадии мамлакат таъмиру таҷдид карда шуданд.

Танҳо соли 2023-юм 75 иншооти сарҳадӣ бо шароити беҳтарини зиндагиву хизмат бунёд ва ба истифода дода шуда, дар зарфи сӣ сол барои Қӯшунҳои сарҳадӣ 505 иншоот бунёд карда шуд, ки ҳамаи онҳо бо шароити зарурӣ таъмин мебошанд.

Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки ҷавонони шуҷои Ватан минбаъд низ марзу буми кишварро бо сарбаландӣ ҳимоя мекунанд.

Барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, ба қисмҳои низомӣ маводи хуӯрока дастрас карда шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон сарбоз Сарфароз Азимовро аёдат карда, ба ӯ кумаки моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд