17 май дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани гувоҳнома ба иштирокчиёни Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо иштирокчиёни ҳафтаи идоракунӣ онҳоро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд.
Қайд карда шуд, ки соли равон дар асоси қарори Раиси вилоят аз 3 январи соли 2024 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани «Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҷалби онҳо ба фаъолияти амалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шиносоии донишҷўён бо низоми давлатдорию идоракунӣ ба ҷавонони болаёқат имконият фароҳам оварда шуд, ки чун ҳарвақта дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бевосита ширкат намоянд.
Соли равон аз ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии маркази вилоят барои интихоби ҷавонон ҷиҳати иштирок дар ҳафтаи худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 40 нафар донишҷўёни курсҳои болоӣ тариқи озмун интихоб гардида, давоми як ҳафта дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ, аз муовинони Раиси вилоят то ба мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок намуданд.
Ин тадбир имконият фароҳам меоварад, ки донишҷўён баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва вусъати малакаи касбии худ талош намуда, дар оянда чун насли фарзонаи миллат тарбия ёбанд.
Дар миқёси вилоят 10 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мебаранд, ки дар ин муассисаҳо аз рўи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят рисолати аслии хешро баҳри мусоидат ба рушди маърифатнокии ҷомеа, тарбияи шахсиятҳои бузург, арбобони давлативу сиёсӣ, ходимони ҷамъиятӣ, олимону адибон нигаронида, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро бо мутахассисони дорои касбу кори гуногун таъмин менамоянд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба 40 нафар донишҷўён гувоҳнома супорида шуд, таъкид гардид, ки ҷавонон бояд барои хизмат ба халқу Ватан доимо омода бошанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд