Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилояти Суғд

17 май дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилояти Суғд барои соли хониши 2023-2024 баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо донишҷӯён изҳор дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим доранд.

Таваҷҷўҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад.

Тайи солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷўёну магистрантон ва аспирантони фаъолу бомаърифат ва мусоидат барои ташаккули фикриву эљодии онҳо аҳамияти махсус зоҳир мегардад.

Бо мақсади ҳавасамандгардонии ҷавонон – муҳассилини мактабҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят стипендияи Раиси вилоят давоми соли 2024 аз 130 адад ба 250 адад расонида шуда, ҳаҷми малағи он як баробар изофа карда шуд.

Соли равон аз 550 нафар довталабон 250 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят аз ҷониби комиссия интихоб шуданд.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар таъкид кард, ки равандҳои таҳаввулоти ҷомеаи имрўз тақозо дорад, ки корҳои таблиғотӣ, маърифатию фаҳмондадиҳӣ бояд дар маркази таваҷҷӯҳи ҷавонони фаъол, онҳое, ки ба ояндаи миллату давлати хеш бетараф нестанд, қарор гирад ва пеши роҳи ҳама гуна хурофотпарастӣ гирифта шавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки донишҷўёну магистрантон, олимону аспирантони ҷавони вилоят ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро амиқ эҳсос намуда, бо дарки рисолати аслии донишу илмомӯзӣ ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд