Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафар роҳбари вилоят нахуст дар манзили сокинони деҳоти Яхтан Файзинисо Исҳоқова ва Бибиоиша Баротова бо вазъи кирмакпарварӣ шинос гардид.
Таъкид гардид, ки сокинони деҳоти Яхтан ҳамасола дар истеҳсоли пилла саҳм гузошта, дар ин кор таҷрибаи кофӣ доранд. Соли равон ба кирмакпарварони ин минтақа 190 қуттӣ кирмак тақсим карда шудааст.
Раиси вилоят ба бонувон барои фаъолияти назаррасашон изҳори сипос намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Дар идомаи боздид Раиси вилоят дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Яхтан ва деҳоти Муҷун бо вазъи картошкапарварӣ шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки кишти картошка дар ноҳия идома дошта, дар минтақаҳои баландкуҳ то охири моҳи май идома меёбад.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия соли равон беш аз 7500 гектар картошка кишт хоҳад шуд.
Деҳқонони ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани кишти картошка ҳар порча заминро оқилонаву самаранок истифода мебаранд.
Раиси вилоят барои дар муҳлати пешбинишуда ба охир расонидани корҳо ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дода, илова намуд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд