Дар ноҳияи Шаҳристон кишти картошка идома дошта, деҳқонон тасмим доранд, ки имсол дар 1735 гектар картошка кишт намоянд.
15 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Шаҳристон бо вазъи корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти картошка шинос гардид.
Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бо кишоварзон вохӯрӣ намуда, барои истифодаи самараноки замин, зиёд намудани майдони кишти картошка, бунёди боғҳои нав, аз ҷумла шинонидани ниҳоли хуч тавсияҳо дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, кишти картошка дар ноҳияи Шаҳристон идома дошта, то имрӯз нақшаи муқарраршуда 71 фоиз иҷро шудааст ва деҳқонон рӯзҳои наздик нақшаро пурра иҷро мекунанд.
Тибқи нақша дар Ҷамоати деҳоти Шаҳристон 1022 гектар ва дар Ҷамоати деҳоти Бунҷикат 546 гектар, дар замини ташкилоту муассисаҳо 167 гектар ва аз ин ҳисоб 100 гектар дар заминҳои Хоҷагии ҷангал картошка кишт карда мешавад.
Таъкид гардид, ки Шаҳристон аз минтақаҳои картошкапарвар маҳсуб ёфта, боду ҳавои мусоид имкон медиҳад, ки ин аз навъи зироат дар деҳоти ноҳия ҳосили хуб гирифта шавад.
Раиси вилоят барои иҷрои нақшаи пешбинишуда ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд