Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони коргоҳи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқил идома дорад.
Аснои шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти дар оянда истеҳсолшаванда воридотивазкунанда мебошад.
Коргоҳ аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Саидбой Абдуллоев сохта шуда, корҳои созандагӣ дар иншоот тибқи нақша пеш меравад. Мусаллам аст, ки дар бозори дохил ва берун аз он талабот бо ноқилҳои барқӣ зиёд аст. Дар коргоҳ истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ барои обёрии заминҳо ва беш аз 10 намуди ноқилҳои барқӣ ба роҳ монда мешавад.
Раиси вилоят зимни суҳбат аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ворид ва насби хатҳои нави истеҳсолӣ ёдоварӣ намуда, илова намуд, ки дар вилояти Суғд барои соҳибкориву сармоягузорӣ шароити мусоид муҳайё карда шудааст.
Дар минтақаи саноатӣ ҳамчунин сохтмони коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ "Тиглат" ҷараён дорад. Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ беш аз 20 навъи рангҳои сохтмонӣ ва маҳсулот барои сохтмон истеҳсол карда мешавад. Дастгоҳу таҷҳизот аз кишварҳои Чин ва Туркия ворид карда шуда, маҳсулот бо стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад. Пас аз ба фаъолият оғоз намудани коргоҳи рангбарории ҶДММ «Тиглат» беш аз 30 нафар бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Бояд қайд кард, ки шаҳри Гулистон аз шаҳрҳои саноатӣ буда, давоми се моҳи соли равон корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 767 млн. 288,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 89 намуди аслӣ ба роҳ монда шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд