6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич оилаи ҳунарманди маҳбуб, шодравон Дамирбек Олимовро аёдат кард.
Дар суҳбат бо падари ҳунарманди шодравон Ботур Олимов роҳбари вилоят аз хизматҳои Дамирбек Олимов дар рушди санъати тоҷик ситоиш карда, даргузашти марҳумро, ки ҳанӯз 33 сол дошт, талафоте барои фарҳангу ҳунар арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки суруду таронаҳое, ки Дамирбек Олимов иҷро кардааст, дар хазинаи фарҳанги миллат маҳфуз хоҳад монд.
Дамирбек Олимов соли 1989 дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич ба дунё омада, фориғуттаҳсили Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз буд. Ӯ дорои истеъдоди фитрӣ буд ва дар мусиқии поп ва классикӣ таронаҳои зиёде сурудааст. Ҳунарманд моҳи феврали ҳамин сол бар асари садамаи нақлиётӣ аз олам гузашт.
Дар идома Раиси вилоят аз ҳоли собиқадори соҳаи кишоварзӣ Ғоибҷон Муъминов хабар гирифт. Номбурда солҳои зиёд дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият бурдааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд