Спитамен. Раиси вилоят собиқадори меҳнат Абдурашид Ҷабборовро аёдат намуд

6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен собиқадори меҳнат Абдурашид Ҷабборовро аёдат кард.

Абдурашид Ҷабборов 10 октябри соли 1950 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шуда, соли 1968 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1973 дар колхози ҳамонвақтаи “Украина” ҳамчун гидротехник оғоз намуда, дар давоми фаъолияти кории худ дар соҳаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла раиси Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Спитамен кор кардааст. Мавсуф иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хизматҳояш бо як қатор медалу ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.

Раиси вилоят дар суҳбат бо собиқадори меҳнат иброз дошт, ки давлату Ҳукумат меҳнати фидокоронаи собиқадоронро ҳамеша қадр мекунад ва пирони кор барои тарбияи наврасону ҷавонон саҳми арзанда доранд.

Абдурашид Ҷабборов дар навбати худ барои дастгириҳои доимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд