Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омада, дар ҶСК ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев ба кишти пахта оғоз бахшид.
ҶСК ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев аз ҷамъиятҳои калонтарин буда, дорои 3906 гектар замини киштшаванда ва 1041 гектар боғ мебошад.
Аҳли меҳнати ҶСК ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев соли равон дар 1750 гектар кишти пунбадонаро ба роҳ монда, ният доранд, ки дар иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта саҳми арзандаи худро гузоранд.
Хоҷагидорон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминро оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳамасола зироати гуногунро кишт менамоянд.
Соли равон деҳқонон гандум, ҷав, шолӣ, ҷуворимакка, нахӯд, офтобпараст, картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, қаланфур, бодиринг, карам ва полезиҳо кишт намуда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон талош мекунанд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон барои истифодаи самараноки замин, истифодаи тухмиҳои серҳосил ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд