Боздид аз аз пойгоҳи обкашии "Янтоқ 3" дар ноҳияи Мастчоҳ

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ аз пойгоҳи обкашии "Янтоқ 3" боздид намуд.

Зимни боздид маълумот дода шуд, ки пойгоҳи мазкур дорои 4 агрегат буда, барои фаъолият дар мавсими кишти баҳорӣ омода мебошад. Тавассути ин пойгоҳ зиёда аз 4600 гектар замини ноҳия обёрӣ гардида, он пурра аз таъмир бароварда шудааст. Таъмири саривақтӣ ва фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашии ноҳия таҳти таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, соли ҷорӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ду муҳаррики барқӣ бо тамоми таҷҳизоташ ва 100 метр қубурҳои қутраш 820 мм ба маблағи умумии зиёда аз 3,3 миллион сомонӣ дастрас гардид. Ин имкон медиҳад, ки фаъолияти босамари пойгоҳҳои обрасонӣ ба роҳ монда шуда, деҳқонон дар вақти мавсим беманоеа ба оби полезӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Раиси вилоят ба масъулин ҷиьати фаъолияти бонизоми пойгоҳҳои обкашӣ, таъмиру ба кор андохтани саривақтии муҳаррикҳои барқӣ, дастгирии кормандон, ҷамъоварии маблағ ва анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ноҳияи Мастчоҳ 17 пойгоҳи обкашӣ бо фарогирии 56 дастгоҳи барқӣ мавҷуд буда, тавассути он зиёда аз 22 ҳазору 500 гектар замини ноҳия обёрӣ карда мешавад. Ҳамчунин тавассути 570 адад чоҳи амудӣ дар вақти кишту кор хоҷагидорон бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.

Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Мирзораҳим Исоматов ва Раҳим Ҳасанов хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд