Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов кишти пахта оғоз ёфт

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар карда, ба кишти пахта оғоз бахшид.

Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо роҳбарияти ноҳия ва кишоварзону пахтакорон суҳбат намуд.

Раиси вилоят барои сари вақт ба анҷом расонидани кишти пахта, истифодаи самараноки замин, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат супоришҳо дод. 

Ба иттилои масъулин дар ноҳияи Ҷаббор Расулов соли ҷорӣ дар 5690 гектар пахта кишт карда хоҳад шуд.

Тибқи ҳисобу китоби мутахассисони соҳаи кишоварзии ноҳия дар назар аст, ки имсол 12800 тонна "тиллои сафед" истеҳсол карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд