23 феврали соли 2024 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор оғоз ёфт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хизматчиёни ҳарбӣ ва кулли мардуми вилоятро ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, саломатии бардавом, саодати рўзгор, барору комёбӣ, осмони соф ва хушиҳои зиндагиро таманно кард.
Тазаккур дода шуд, ки ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони нав, хусусан, дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа танҳо бо доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муташаккилу тавоно ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаи пешрафтаи ҳарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, хизматчиёни ҳарбии ватандӯсту ватанпараст, далеру ҷасур ва содиқ ба давлат ва халқи Тоҷикистон имконпазир мебошад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки дар тўли солҳои аввали истиқлол дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷой доштанд, тадриҷан ба як нерўи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтанд. Дар робита ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боифтихор таъкид намуданд: «Имрӯз ман бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд».
Изҳори боварӣ карда шуд, ки хизматчиёни ҳарбӣ, аз генерал то сарбози қаторӣ бо хизмати садоқатмандонаи хеш дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ нақши муҳим гузошта, туфайли ин манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамон ва марзҳои онро аз ҳама гуна амалиёти харобиовар ҳимоя менамоянд.
Имрўз ҳамаи ҷузъу томҳои дар вилояти Суғд амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин буда, барои фароҳам овардани шароити муносиби хизмат корҳои назаррас анҷом дода мешаванд. Дар ин замина, ҷиҳати ташкил намудани хоҷагиҳои ёрирасон ба ҷузъу томҳои Гарнизони Суғд қитъаҳои замин ҷудо ва вобаста карда шуда, ҷиҳати бо манзили истиқоматӣ таъмин намудани афсарону прапоршикҳо дар маҳалли хизмат низ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он омода кардани ҷавонон, ҷалб намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии онҳо вазифаи ҷонӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини ватандўст ва баору номуси Тоҷикистон мебошад.
Хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум бошанд ва ҳамчун нерўи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта, халқу давлатро бовар кунонанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардии худ – ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми вилоятро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат, халқи мамлакат ва касби бошарафи хеш сарбаландона иҷро менамоянд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор хизматчиёни ҳарбӣ Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, дар охир барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд