Суғд: Даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд

4 апрели соли 2022 дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуда, беш аз 1000 нафар ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд.

Дар макони баргузории чорабинӣ наздик 10 000 ҷавонону наврасон, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳо, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, волидону пайвандони даъватшавандагон ҷамъ омада, дар руҳияи идона наваскаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинӣ таъкид кард, ки ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила  гусели шаҳрвандони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад.

-Таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад,- иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят ҳамзамон афзуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.

Ҳозиршавии шаҳрвандони синни даъвати ба нуқтаҳои ҷамъшавӣ дар  рӯзҳои авввали ин чорабинии муҳими сиёсӣ бори дигар собит сохт, ки қисми зиёди ҷавонон бо дарки масъулияти баланд дар ҳифзи ватани аҷдодӣ омада, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки хизматчиёни ҳарбии вилоят, аз генерал то сарбози қаторӣ бо хизмати садоқатмандонаи худ дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ беш аз пеш саҳм гузошта, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро мекунанд, манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамон ва марзҳои онро аз ҳама гуна амалиёти таҳрибкорона ҳимоя менамоянд.

Сипас, маросими нонгазон сурат гирифта, барои хушҳолии даъватшавандагон барномаи ҷолиби консертӣ, ки фарогири сурудҳои ватандӯстона буд, пешниҳод карда шуд.

Чорабинии тантанавӣ бо гузашти ҳарбии афсарону сарбозони горнизони Суғд ба итмом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд