Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар машварат муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, мудирони сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру навоҳӣ, масъулини соҳаҳои кишоварзӣ, кумитаи замин, обрасонӣ, хоҷагии манзиливу коммуналӣ, омор, маориф, ҷавонон, экология ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми Президенти мамлакат ва маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуданд, дар вилояти Суғд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Сипас, муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо вобаста ба омодагии хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба кишти баҳорӣ ва рафти таъмири пойгоҳҳои обрасонӣ маълумот дод. Таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд барои рушди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, гирифтани ду-се ҳосил аз як замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникӣ таваҷҷуҳи хоса равона гардида, ҳамасола маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда мешавад.
Саҳми кишоварзони вилоят дар таъмини амнияти озуқавории кишвар басо назаррас буда, рушди соҳа ва гирифтани ҳосили баланд боиси фаровонии бозори истеъмолӣ гардидааст. Дар шаҳру навоҳии кишоварзии вилоят мувофиқи нақша соли равон бояд дар майдони 173 ҳазору 835 гектар кишти баҳорӣ анҷом дода шавад. Аз ҷумла, кишти пахта дар 59 ҳазору 633 гектар, картошка 18 ҳазору 500 гектар, сабзавот 9 ҳазору 311 гектар пешибинӣ гардидааст ва барои ин имконияту захираҳо муҳайё мебошад. Миқдори зарурии тухмиҳои хушсифат захира гардида, масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини саривақтии деҳқонон бо тухмӣ ва оби полезӣ тадбирандешӣ намуда, барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, риояи структураи кишт, истифодаи мақсадноку оқилонаи заминҳо корро тақвият бахшанд.
Бо истифода аз боду ҳавои мусоид ва муҳлати оптималӣ имрӯзҳо кишти картошкаи барвақтӣ, ки нақшаи он 1205 гектарро ташкил медиҳад, дар навоҳии кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилоят фаъолияти кунунии Сарраёсати кишоварзии вилоят ва шаҳру навоҳӣ, кумитаи замин, хоҷагиҳои обрасониро таҳлил карда, ҷиҳати таъмини рушду пешрафти соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои муаххас дод. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки бояд дар вилоят струкутураи кишт ҳатман риоя гардида, заминҳои аз гардиш берунмонда пурра мавриди коркард қарор дода шавад. Зеро бо супориши Президенти кишвар ва дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳолати мелиоративии заминҳо сол ба сол беҳтар гардида, деҳқонон ба оби полезӣ дастрасии бештар пайдо мекунанд. Чунончӣ, соли равон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар пойгоҳҳои обкашии шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Панҷакент, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Ашт, Мастчоҳ, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров муҳаррикҳои пуриқтидор насб гардида, хатҳои нав тавассути қубурҳои баландфишор кашида мешавад. Айни замон таъмири пойгоҳҳои обкашӣ дар тамоми шаҳру навоҳӣ идома дошта, бояд то санаи 1-уми март ба анҷом расонида шавад.
Зимнан Раиси вилоят таъкид дошт, ки масъулини бахши обрасонӣ бояд ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат фаъолияти худро беҳтар намуда, тамоми пойгоҳҳоро мувофиқи нақша ба мавсими кишти баҳорӣ омода созанд ва аз санаи 1-уми март таъминот бо оби полезӣ шурӯъ мегардад.
Ҳамчунин, барои таъмини рушди соҳаи паррандапарварӣ ва зиёд кардани истеҳсоли гӯшти мурғу тухм, пешрафти соҳаи кирмакпарварӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии пилла, бунёди боғҳои интенсивӣ ва токзор, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, роҳҳои асосиву байналмиллалӣ ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Дар идомаи ҷаласа муовини якуми Раиси вилоят Суҳайлӣ Қурбонзода оид ба пешрафт ва мушкилоти соҳаи саноат маърӯза намуд. Таъкид гардид, ки бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилоят ба рушди соҳаи саноат ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёду баистифодадиҳии садҳо корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда, танҳо давоми соли гузашта 269 адад корхонаи нав бо 2455 ҷойи корӣ фаъол гардонида шуд. Дар ин раванд рушди соҳаи саноат дар вилоят давоми моҳи январи соли равон таъмин гашт.
Раиси вилоят ба муовини якуми Раиси вилоят, масъулини вилоятӣ ва раисони шаҳру навоҳӣ ҷиҳати рушди бемайлони соҳа, истифодаи мақсадноки иқтидорҳои мавҷуда, то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, нишондоди амиқи оморӣ, то 130 дарсад таъмин намудани рушди соҳаи саноат дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода оид ба дастгирии давлатии ҷавонон, саҳми онҳо дар пешрафти кишвар, тарбияи насли ояндасози миллат, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва гаравидани сокинон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро маърӯза намуд. Таъкид гардид, ки барои баланд бардотаи ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии насли наврас ва ҷавонон мунтазам корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуда, дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ гузаронида мешавад.
Дар фарҷоми ҷаласа роҳбари вилоят бори дигар тамоми масъулинро барои густариши корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими кишту кори баҳорӣ то санаи 1-уми март, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, истифодаи мақсадноку оқилонаи заминҳо, бунёди боғу токзори замонавӣ, риояи ҳатмии структураи кишт, риояи тозагиву покизагӣ ва аз партов тоза намудани муҳити атроф, рушди соҳаи сноат, сохтмони иншооти муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, иҷрои сифатнок ва саривақтии нақшаи андоз, дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон муваззаф намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд