Дар ноҳияи Ашт ниҳолшинонӣ ва кишти картошкаи барвақтӣ идома дорад

8 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд.

Бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳои ноҳия ва сокинон дар шафати роҳҳои мошингард 370 бех дарахтони ороишӣ шинонида шуд. Саҳм гузоштан дар корҳои сабзу хуррамгардонӣ, шинонидани ниҳол ва дигар тадбирҳои созандагӣ рисолати шаҳрвандӣ буда, эҳсоси масъулиятшиносӣ ҳар нафарро водор мекунад, ки дар корҳои сабзу хуррамгардонии диёри худ саҳм гузорад.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон аз дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти вусъат бахшидани корҳои сабзу хуррамгардонӣ ва ободониву созандагӣ ёдовар шуда, барои зиёд намудани майдони ҷангал, парвариши дарахтони ороишиву ҳамешасабз, истифодаи таҷрибаҳои пешрафта ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат масъулини сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд.

Дар Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт дар майдони 4 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда мешавад. Дар боғи бунёдшаванда 10 навъи гелос шинонида шуда, масъулини хоҷагии деҳқонии «Суҷа», ки яке аз хоҷагиҳои пешқадам ба шумор меравад, тасмим гирифтаанд заминро оқилона истифода намуда, бо бунёди боғҳои нав ва истифодаи усулҳои пешрафтаи боғдорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзун намоянд.

Раиси вилояти Суғд аз иқдоми аъзои хоҷагӣ истиқбол карда, барои зиёд намудани майдони боғҳои интенсивӣ, оқилона истифода намудани ҳар ваҷаб замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулот тавсияҳо дод.

Бо наздик шудани мавсими нави кишту кор омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасонӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар ҳамаи пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Ашт корҳои таъмиру барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда, омода намудани дастгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нав ва тоза намудани каналу дигар иншооти обрасон ҷараён дорад.

Барои омода намудани пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Ашт ба мавсими нав аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 500 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, пойгоҳҳо пурра омода карда мешавад.

Аснои боздиди Раиси вилоят аз пойгоҳҳои обкашии ноҳия иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби истифодабарандагони об низ 120 ҳазор сомонӣ маблағ пешпардохт гардидааст ва масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёри ноҳия барои таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Раиси вилоят дар идомаи сафар дар хоҷагии деҳқонии “Дилшод” –и ноҳияи Ашт оғози кишти картошкаи барвақтӣ иштирок намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, соли равон тибқи нақша дар ноҳияи Ашт дар майдони 130 гектар картошка кишт карда мешавад, ки аз ин 50 гектар картошкаи барвақтӣ мебошад. Таъкид карда шуд, ки сари вақт кишт намудан ва иҷрои корҳои агротехникӣ омили муҳими фаровонҳосилӣ буда, ба таъкиди мутахассисони соҳа интихоби тухмӣ низ ба баланд гардидани ҳосилнокӣ таъсир мерасонад.

Соли 2023 ҳаҷми исҳеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ашт ба 1 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки дар қиёс ба соли 2022-юм 490 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар сурати истифодаи зарфиятҳои мавҷуда, бунёди боғу токзори нав, мақсаднок истифода намудани ҳар порча замин ва беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ дастовардҳо боз ҳам афзун ва дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат дар амал татбиқ мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд