Нишасти хабарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

6 феврали соли 2024 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2023 баргузор гардид.

Дар нишасти хабарӣ беш аз 100 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Раиси вилоят зимни ироаи маълумот таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2023 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Дар натиҷа рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят таъмин гардида, нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавӣ ба 35,2 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,3 фоиз расонида шуд. Дар сохтори нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ҳиссаи вилоят 26,9 фоизро ташкил намуд.

Дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 26 миллиарду 51,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 2 миллиарду 923,9 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 1 миллиону 297,5 ҳазор тонна семент ва 1 миллиону 417,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст.

Дар ин давра ба миқдори 298,1 ҳазор тонна орд, 5,5 ҳазор тонна равғани растанӣ, 59,9 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 7,3 ҳазор тонна маҳсулоти макаронӣ, 36 миллиону 315,2 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 14 миллиону 502,0 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 108,6 фоиз, равғани растанӣ 109,5 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 113,7 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 147,4 фоиз, консерваҳо 120,0 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 134,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят соли гузашта 269 корхонаву коргоҳи нав бо 2455 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд.

Кишоварзони вилоят ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар соли 2023, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 18 миллиарду 495,5 миллион сомонӣ расониданд, ки ба 115,1 фоизи нишондиҳандаи соли 2022 баробар мебошад.

Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 12 миллиарду 853,9 миллион сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 5 миллиарду 641,6 миллион сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 21,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 115,1 фоиз, 115,2 ва 110,2 фоиз таъмин гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо якҷоя бо ҷуворимакка барои дон 409,8 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 174,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбати нишондиҳандаи соли 2022 мутаносибан 13,5 ҳазор тонна ва 1,1 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 600,1 ҳазор тонна картошка, 649,1 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 187,3 ҳазор тонна пиёз, 222,5 ҳазор тонна мевагӣ, аз ҷумла 157,2 ҳазор тонна зардолу ва 38,8 ҳазор тонна себ, 51,3 ҳазор тонна ангур ва 221,8 ҳазор тонна полезӣ истеҳсол карда шуда, нисбат ба соли 2022 истеҳсоли картошка 37,1 ҳазор тонна, сабзавот 40,5 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 29,8 ҳазор тонна, полезиҳо 73,2 ҳазор тонна, мевагиҳо 98,0 ҳазор тонна, аз ҷумла зардолу 101,3 ҳазор тонна ва себ 414,1 тонна афзудааст. 

Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли гўшти чорвою паранда бо вазни зинда 85,8 ҳазор тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 21,4 ҳазор тонна, гӯшти моҳӣ 1001,6 тонна, шир 293,4 ҳазор тонна, тухм 766,8 миллион дона, пашм 1651,6 тонна, асал 1576,8 тоннаро ташкил намуд, ки суръати афзоиш таъмин гардидааст.

Дар вилоят ҳаҷми умумии гардиши савдо дар ин давра 17 миллиарду 552,5 миллион сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба соли қаблӣ 108,6 фоизро ташкил намудааст. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 4 миллиарду 307,6 миллион сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли 2022-юм 101,6 фоизро ташкил намуд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 ба 2 миллиарду 794,3 миллион доллари ИМА расонида шудааст, ки аз он ҳаҷми воридот 2 миллиарду 37,6 миллион доллар ё 72,9 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ ва содирот 756,7 миллион доллар ё 27,1 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷиро ташкил медиҳад.

Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 ба иқтисодиёти вилоят ба маблаѓи 194,2 миллион доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ, аз ҷумла, ба маблағи 124,2 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 70,0 миллион доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.    

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 12 ҳазор иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст.

Дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2778 иншоот омода гардида, нақшаи солона 116,0 фоиз таъмин гардид. Аз оғози маъракаи омодагӣ ба ҷашн 4894 иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва мавриди таҷдиду тармим қарор гирифта, нақшаи пешбинишуда 40,7 фоиз иҷро шуда, корҳо дар самт идома дорад.

Нақшаи таъмиру тармими роҳҳо 118,6 фоиз иҷро гардида, 2373,6 км роҳ аз таъмир бароварда шуд. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети вилоят 39,2 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, 34,2 км роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Барои ин мақсад аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 215,8 миллион сомонӣ маблағ равона гардид.

Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2023 ба андозаи 104,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 4 миллиарду 262,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 195,7 миллион сомонӣ зиёд аст.  

Дар соли 2023 нақшаи воридоти маблағ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1 миллиарду 35,5 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои нақша 1 миллиарду 71,3 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 103,5 фоизи нақша мебошад.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 ба буҷети маҳаллии вилоят 2 миллиарду 872,6 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид ва барзиёдиҷрошавӣ 102,6 миллион сомониро ташкил дода, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 103,7 фоиз таъмин карда шуд.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 2 миллиарду 886,5 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 2 миллиарду 818,1 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 97,6 фоизи нақша мебошад.

Баробари ин, чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 1 миллиарду 369,6 миллион сомонӣ, тандурустӣ 670,0 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 28,6 миллион сомонӣ, фарҳангу варзиш 253,8 миллион сомонӣ, дар маҷмўъ, 2 миллиарду 322,0 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 82,4 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар вилоят 49 иншооти соҳаи маориф бо 9315 ҷои нишаст, аз ҷумла дар назди 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 284 синфхона бо 8520 ҷойи нишаст, 2 майдончаи варзишӣ, 2 толори варзишӣ, 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 795 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

Дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмӯъ, 74 иншооти варзишӣ ба маблағи 8 миллиону 270,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорону аҳолӣ ба маблағи 26 миллиону 645,0 ҳазор сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо мақсади дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунарҳои миллӣ дар соли сипарӣ 60 Гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблаѓи 420 ҳазор сомонӣ ба 60 нафар бонувони ҳунарманд супорида шуд.

Дар ин давра аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилоят зиёда аз 131 ҳазор нафар, аз ҷумла 13,4 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ дидан намуданд.

Ба масъалаи қабули шаҳрвандон ва баррасии дархосту муроҷиати онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, дар давоми соли 2023 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 3247 муроҷиат ба қайд гирифта шуд ва ҳамаи масъалаҳо сари вақт баррасӣ гардиданд.

Дар маҷмўъ, дар вилоят таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2023 нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.

Сипас, Раиси вилоят ба саволҳои рӯзноманигорон Ҷовиди Аштӣ, Мирзоазам Мақсудов, Фарзон Муҳаммадӣ, Афзал Босолиев, Қамари Аҳрор, Мафтуна Шукурова, Раънои Муҳаммад, Фарзона Муродӣ, Дилрабо Фармонӣ, Алишери Толиб, Ӯринбой Усмон, Додохони Эгамзод ва дигарон доир ба вазъи кунунии соҳаи саноат ва истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, рушди пиллапарварӣ, мумфаршкунии роҳҳо, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани теъдоди муҳоҷирон, бунёди иншоот тибқи нақшаи генералӣ, лоиҳаи маркази гармидиҳӣ, ба кор ҷалб намудани занону духтарон, рушди варзиш ва футбол, вазъи кунунии фарҳангу театр посух гуфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд