Шиносоӣ бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ аз наздик шинос гардида, ҷиҳати иҷрои сарвақтиву босифати корҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилоят аз ҷумла бо сохтмони коргоҳи истеҳсоли зарфҳои яккаратаи ҶДММ “Муосирпласт”, коргоҳи истеҳсоли орди ҶДММ “Орди фатир”, коргоҳи истеҳсоли асбобҳои рӯзгори ҶДММ “Саноатикунонӣ”, коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти гармидиҳии ҶДММ “Титан 8888” шинос шуд.

Корхонаи нави истеҳсолии ҶДММ “Муосирпласт” дар масоҳати умумии 4 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, асосан барои истеҳсоли зарфҳои яккарата пешбинӣ гардидааст. Бо ин мақсад дастгоҳҳои муосир аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид гардида, бо ҷалби мутахассисони чинӣ васлу насб карда мешавад.

Коргоҳ аз се сех, истеҳсоли плёнка, қолабдиҳӣ ва рангубор иборат буда, то 70 намуд зарфҳои гуногуни яккарата, ки асосан барои бандубасти маҳсулоти шириву хӯрока истифода карда мешавад, истеҳол менамояд. Бояд тазаккур дод, ки чунин хати истеҳсолот дар кишвар нахустин ба ҳисоб рафта, ин навъи маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Ашёи хом асосан аз кишварҳои Чин, Эрон ва Россия ворид карда шуда, дар ҳудуди коргоҳ ҳамчунин биноҳои маъмуриву ёрирасон, бандубаст, анбор, ошхона қомат афрохта, баробари фаъол гардонидани он то 50 нафар сокинон бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

ҶДММ “Фатир Агро” яке аз бузургтарин корхонаи истеҳсолӣ ба ҳисоб рафта, саҳми он дар таъмини бозори истеъмолӣ бо навъҳои гуногуни орд басо назаррас мебошад. Муассисони коргоҳ азм доранд доираи фаъолияти худро боз ҳам фарох гардонида, хатҳои нави истеҳсолиро ба кор андозанд. Бо ин мақсад бунёди корхонаи нав бо иқтидори коркарди 1000 тонна ғалла дар як шабонарӯз ба роҳ монда шуда, айни замон кор дар ин самт бо суръат ҷараён дорад. Барои ин мутахассисони варзидаи соҳа ва сохтмончиён ҷалб гардида, имрӯзҳо бунёди анборҳои захираи гандум ҷараён дорад. Бо ин мақсад нуҳ адад анбор ҳар яке бо ғунҷоиши то 4 ҳазор тонна гандум бунёд карда мешавад. Фаъолсозии хатҳои нави истеҳсолӣ имкон фароҳам меоварад то рақобат дар бозори дохилӣ бештар гардида, сифати маҳсулот боло рафтаву арзиши он то андозае коҳиш ёбад.

Баробари ба кор андохтани ин коргоҳ то 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Корхонаи нави истеҳсолии ҶДММ “Саноатикунонӣ” бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар он маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешавад. Бо ин мақсад дастгоҳу таҷҳизоти навтарин аз Чин ворид карда шуда, аз тарафи мутахассисон насб карда мешавад.

Дар ин коргоҳ техникаи истеҳсол мегардад ва баробари мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ 50 нафар сокинон бо кори доимӣ ҷалб гардида, ҳамзамон бозорҳои вилоят бо маҳсулоти ватанӣ таъмин мешавад. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ҷараён дошта, масъулин азм доранд соли равон онро ба истифода диҳанд.

Корхонаи нави саноатии ҶДММ “Титан 8888” бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамакат ва дар доираи элон гардидани Солҳои рушди саноат бунёд гардида, дар он асосан маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда мешавад.

Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 50 нафар бинокорон ва мутахассисон ҷалб гардида, бештари корҳо ба сомон расонида шудааст. Ҳамзамон дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид гардида, аз тарафи мутахссисони соҳа насб карда мешавад. Дар ин коргоҳ истеҳсоли радиатор барои гармидиҳии биноҳои истиқомативу маъмурӣ ба роҳ монда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд